Дар шаҳраки Вороновский роҳҳои қулайи ба Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратӣ омаданро омода карданд

Фото М. Мишина. Пресс-служба Мэра и Правительства Москвы.

Ба ду хатти мавҷуда мутахассиссон сеюмашро бо дарозии 1,3 километр ва васеъгии 3,5 метр илова карданд, инчунин дарозии хатти гаштан ба МБМ-ро дарозтар карданд. Дар ТиНАО корҳо оид ба ташкили ҳаракат дар роҳ ва бунёди роҳҳои қулайи ба Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии (МБМ) Маскав, ки дар паҳлӯи деҳаи Сахарово дар шаҳраки Вороновский дар суроғаи: шоҳроҳи Варшавское,километри 64-ум, моликияти 1, иншооти 47 ҷойгир аст, ба анҷом расиданд.

Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии Маскав дар соли 2015 барои хориҷиёни дар пойтахт истиқоматкунанда ва коркунанда офарида шудааст. Дар МБМ патентҳо, иҷозатнома ба зисти муваққатӣ дар Русия, иҷозат ба истиқомат ё ки шаҳрвандиро ба расмият даровардан мумкин аст. То маркази муҳоҷиратӣ дар Вороновское дар автобус аз истгоҳи метро «Лесопарковая» ё ки дар автомашина расидан мумкин аст. Дар солҳои охирон ҷараёни нақлиётӣ дар ин ноҳия ҷиддан зиёд гардид. Бо хоҳиши васеъкунии роҳ якчанд маротиба ҳам истиқоматкунандагони маҳаллӣ, ҳам соҳибони дачаҳои дар наздикии рафоқатҳои ғайритиҷоратии боғӣ ҷойгиршуда муроҷиат карданд.

Источник