Фото: РИА Новости/Максим Блинов
ВКД Русия дар давоми чоряки аввали соли ҷорӣ ба қайди муҳоҷиратӣ қариб ду баробар шаҳрвандони хориҷиро нисбат ба соли гузашта гузоштааст. Ин аз иттилооти нишондиҳандаҳои ВКД ФР оид ба ҳолати муҳоҷиратӣ дар давоми январ-марти соли 2022, ки бо он ТАСС шинос шудааст, бармеояд.
«Дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2022 миқдори фактҳои ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ – 3 757 303»,– гуфта мешавад дар маводҳои идора. Бо ин дар давраи монанди соли гузашта нишондиҳандаи мазкур 1 983 087-ро ташкил дод. Ба ғайр аз он, аз рӯи маълумотҳои ВКД, дар давоми се моҳи соли 2022 ду маротиба бештар патентҳо ба кор дода шудаанд. «Дар давоми январ-марти соли 2022 патентҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ – 516 916 дона ба расмият дароварда шудааст»,– гуфта мешавад дар хабарномаи идора, ин ба 228 361 бештар аз як сол қаблтар аст (228 555). Инчунин миқдори иҷозатномаҳои ба расмият дароварда шуда барои кор низ афзудааст – аз 14 ҳазор дар соли гузашта, то 21,1 ҳазор дар соли ҷорӣ.