Фото: depositphotos/belchonock
Вазорати корҳои дохилии Русия масъалаи ҷорӣ кардани ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби муҳоҷирон ба расмият даровардани муносибатҳои оилавӣ бо русиягиҳо барои қонунигардӣ дар кишвар коркард мекунад. Оиди ин ба истинод ба маркази матбуоти идора ТАСС хабар медиҳад. Дар ВКД қайд карданд, ки яке аз омилҳои таҳдидофаранда дар соҳаи муҳоҷират истифода бурдан аз механизмҳои ғайриқонунии қонунигардӣ ва натурализатсияи муҳоҷирон дар ФР бо роҳи бастани ақдҳои никоҳи қалбакӣ ва муқарраркунии падарии қалбакӣ аз болои ноболиғон мебошанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки кормандони политсияи пойтахт сокини Маскав, занеро дастгир карданд, ки дар утоқи худ қалбақӣ 562 нафарро ба қайд гузоштааст. Чӣ тавре ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян карданд, духтар бар ивази маблағ дар утоқи худ дар шаҳраки Рогово дар ММТваН аз ҷануби Русия омадагонро ба қайд гузоштааст, вале на онҳо, на худи ҷинояткор дар он ҷо истиқомат намекарданд. Аз рӯи факти мазкур парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи моддаи «Бақайдгирии қалбакии шаҳрванди ФР дар ҷойи будубош ё ки ҷойи истиқомат дар бинои истиқоматӣ дар ФР» боз карда шудааст.