Дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ дактилоскопияи ҳатмиро ворид мекунанд

Фото: © Валентин Егоршин/ТАСС.

Муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия дар тартиби бераводид ворид мешаванд, барои будубоши дарозмуҳлат акнун бояд аз дактилоскопия, суратгирӣ ва муоинаи тиббии ҳатмиро гузаранд. Қонуни мутобиқ рӯзи чоршанбе ба қувва даромад.

«Мутобиқи меъёрҳои қонун шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ФР баъд аз 29 декабри соли 2021 ворид гаштаанд, бояд аз қайди дактилоскопии давлатӣ, суратширӣ, инчунин ташхиси тиббӣ гузаранд ва барои будубоши қонунӣ дар ҳудуди ФР барои доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда барои ин ӯҳдадоранд»,– хабар доданд дар маркази матбуоти ВКД Русия.

Источник