Дар платформа оид ба омӯзонидани забони русӣ ба кӯдакон-муҳоҷирон 40 ҳазор нафар аз қайд гузаштанд

Фото:РИА Новости/ Алексей Куденко

Платформаи омӯзишии «Кӯдакон дар ин ҷо», ки барои омӯзонидани кӯдакон-муҳоҷирон забони русӣ офарида шудааст, дар давоми як соли кори худ бештар аз 40 ҳазор нафарро қабул кард. Бештари кӯдакони аз қайд гузашта ҳоло нақшаи кӯчидан ба Россияро доранд ва барои омӯзиш дар мактабҳои Россия омодагӣ мебинанд, хабар дод дар нишасти матбуотӣ ба ТАСС дар рӯзи душанбе роҳбари лоиҳа Ксения Рудич. «Лоиҳа аллакай як сол дар амал аст, мо санаи 6 июни соли 2022 оғоз кардем. «Кӯдакон дар ин ҷо» – ин платформаи онлайнӣ оид ба омӯзонидани кӯдакон-муҳоҷирон аз Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аст. Аз рӯи натиҷаҳои лоиҳа дар давоми сол мо бештар аз 40 ҳазор қайдҳо дар платформа дорем. Аз он баромада, ки аз куҷо аз қайд мегузаранд – кӯдакони зиёде аз қайд гузаштанд, ки ҳоло ба Россия наомаданд, вале нияти вақти наздик омаданро доранд», – гуфт Рудич дар нишасти матбуотӣ.

Источник