Дар Москва қаҳрамони ҷавон аз Тоҷикистонро қадрдонӣ карданд

Фото: © Пресс-служба Россотрудничества

Дар маросими Ташаббуси Умумирусиягии ҷамъиятӣ-давлатӣ бо иштироки байналхалқии «Қалби ҷӯшон» тоҷикистонии ҷавонро барои наҷотдиҳии кӯдак қадрдонӣ карданд. Чӣ тавре ки хадамоти матбуоти Россотрудничество иттилоъ медиҳад, ҷоизадори мукофот Зафар Умарзодаи 16-сола аз Бохтар гардид, ки дар баҳори соли 2022 кӯдаки ғарқшудаистодаро наҷот додааст. Медалро барои қаҳрамонии нишондодашуда ба Зафар муовини якуми вазири маорифи Россия Александр Бугаев ва муовини роҳбари ВХФ Россия Алексей Серко супориданд. Худи қаҳрамон ба Хонаи Русӣ дар Душанбе нақл кард, ки ба ӯ Москва писанд омадааст — барнома пур аз сайругаштҳо ва вохӯриҳо буд. Қайд бояд кард, ки бо ҷоизаи «Қалби ҷӯшон» ҷавонони то 23 соларо қадрдонӣ мекунанд, ки шавқу рағбат ва мавқеъи фаъоли шаҳрвандиро зоҳир намуда, ба ёрии одамон омадаанд.

Источник