Дар Москва шаби диаспораҳои миллӣ ва мусобиқа оид ба волейбол барои муҳоҷиронро гузарониданд

фото мэрии Москвы

Дар Москва давраи чорабиниҳо оид ба мувофиқгардонӣ ва интегратсияи муҳоҷирон баргузор гардид. Дар яке аз китобхонаҳои пойтахт шаби диаспораҳои миллии пойтахт, юаъдан дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии идоракунӣ мусобиқа оид ба волейбол «Ҷоми Дӯстӣ» гузаронида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси шаҳр. Дар доираи шаби мадании диаспораҳои миллӣ баромадҳои эҷодии намояндагони диаспораҳои қирғизӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ баргузор гардиданд. Дар мусобиқа оид ба волейбол дастаҳои «Лейлек», «Помир», «Қирғизистон», ТҶМ «Ҳамдӯстии ӯзбекҳои Москва», Раёсати ноҳияи Бескудниково ва Раёсати ноҳияи Печатники иштирок варзиданд. Ҷойҳои ҷоизавиро дастаҳои «Помир», «Лейлек» ва «Қирғизистон» ишғол карданд, онҳоро бо ҷомҳо, медалҳо ва туҳфаҳо мукофотониданд.

Источник