Фото: mos.ru/depnpol
Дар назди Масҷиди ёдрас санаи 22 марти соли 2023 дар Поклонная гора маросими ботантанаи кушодани лоиҳаи иҷтимоӣ-хайриявии «Чодари Рамазон», ки аз ҷониби Раёсати рӯҳонии мусулмонони Москва бо дастгирии Раёсати рӯҳонии мусулмонони Федератсияи Россия ташкил карда шудааст, баргузор гардид. Дар бораи ин хадамоти матбуоти Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Москва хабар дод. Роҳбари Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Москва Виталий Сучков иштироки фаъоли намояндагони ташкилотҳои динии мусулмонӣ дар чорабинҳои байнидинии дар ҳузури пойтахт мегузаштаро қайд кард, инчунин шодбошии муовини раиси шаҳри Москва дар Ҳукумати Москва оид ба масъалаҳои амннияти минтақавӣ ва сиёсати иттилоотии Александр Горбенкоро баён намуд.