Фото: © Елизавета Борисенко/ ТАСС.
Форуми байналхалқии ҷавонон «Дӯстии халқҳо», ки ба ҳамкории Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, дар рӯзи шанбе дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва кушода шуд. Дар форум намояндагони сафоратхонаҳо ва диаспораҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳузур доранд. Чӣ тавре ки хабарнигори ТАСС хабар медиҳад, дар рафти форум намояндагони ташкилотҳои ҷавонон ва соҳибкорон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мавзӯъи дипломатияи оммавӣ, сиёсати муҳоҷиратӣ ва хусусиятҳои мадании Осиёи Марказӣ лексияҳо ва семинарҳо мегузаронанд.