Дар Москва политсия муҳоҷири 25 соларо наҷот дод, ки дар таҳхонаи чилимхонаи мавҷуднабуда маҳкам шуда буд

Фото: Telegram-канал Mash

Дар Москва кормандони политсия муҳоҷири 25 сола аз Тоҷикистонро наҷот доданд, ки дар таҳхонаи чилимхонаи мавҷуднабуда маҳкам шуда буд. Оиди ин рӯзи чоршанбе, 15 декабр, шабакаи Telegram Mash хабар медиҳад. Тибқи маълумотҳои шабака, ҷабрдида дар интернет бо духтари 20-сол шинос шудааст. Ӯ ба вай дар муассисае дар соҳили Саввинская вохӯрданро пешниҳод кардааст. Ҷавонмард розӣ шудааст, вале баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ дидааст, ки ҷамъи маблағ дар ҳисобнома нисбат ба нархҳои меню чор маротиба бештар аст. Ӯ барои пардохт кардан розӣ нашудааст, он гоҳ ӯро ба таҳхона кашола карда даровардаанд ва маҳкам кардаанд. Ба ҷабрдида барои ба шиносаш барои овардани пул занг задан имкон додаанд, вале ҷабрдида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занг задааст. Кормандони ВКД омаданд ва ӯро озод карданд. Муайян гардид, ки расман чунин чилимхона ҳатто вуҷуд надоштааст.

Источник