Фото:РИА Новости-Виталий Белоусов.
Пардохт барои ташхис ба бемориҳои барои атрофиён хатарнок, инчунин табобати онҳо ҳангоми муайян гардидани онҳо барои муҳоҷирон бекор карда шуданд, хабар медиҳад санаи 10 январ хадамоти матбуоти ВКХ Қирғизистон.
«Пардохт барои дар ҳудуди шаҳри Москва аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ гузашта шудани ташхиси иловагӣ (амиқ) ба мавҷуд будани/набудани бемориҳои сироятноки барои атрофиён хатардошта бекор карда шуд», – хабар медиҳад хадамоти матбуот. Саҳеҳ карда мешавад, ки ин қарор вобаста ба муроҷиатҳои сершумори Қирғизистон ва гуфтушунидҳои дар ҳамҷоягӣ бо ВКХ ва сафоратхонаи ҷумҳурӣ бо ҷониби россиягӣ оид ба ин масъала гузаронидашуда қабул карда шудааст.
Қайд карда мешавад, ки феҳрасти тадқиқотҳои тиббии дар ҳудуди «Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратӣ» гузаронидашаванда васеъ карда шудааст. Ба рӯихат акнун таҳлилҳои тиббӣ барои мавҷуд будан/набудани бемориҳои сироятӣ вориданд, ки онҳоро акнун бе роҳхат супоридан мумкин аст. Ҳамин тариқа, акнун таҳлилҳоро дар муассисаҳои дигари тиббӣ пулакӣ гузаштан лозим нест. Муҳоҷирон ба ташкилотҳои махсусгардонидашудаи тиббии Москва дар ҳолати тасдиқ гардидани ташхиси бемории сироятнок, инчунин ҳангоми зарурияти табобати мутобиқ равона карда мешаванд, ки ройгон мешавад.