Фото: РИА Новости/Владимир Астапкович
Озмуни ҳикояҳо дар бораи кирдорҳои нек ва қаҳрамононаи шаҳрвандони хориҷӣ «СтоЛИЧНИЕ истории» дар Москва оғоз гардид. Дар бораи ин аз хадамоти матбуоти Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Москва хабар доданд. «Озмун дар соҳаи сиёсати муҳоҷиратӣ, мутобиқгардонии иҷтимоӣ ва маданӣ ва интегратсияи шаҳрвандони хориҷӣ бо дастгирии Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Москва аллакай маротибаи дуюм гузаронида мешавад. Мақсади озмун – ба сокинони пойтахт дар бораи рафторҳои қаҳрамонона, нек, худқурбонии шаҳрвандони хориҷӣ барои беҳбудии шаҳр ва москвагиён мебошад», – гуфта мешавад дар хабар. Ташкилкунандаи озмун хазинаи ғайритиҷоратии «Технологияҳои байналхалқии интегратсионӣ» мебошад. <…> «Ба фикри ман, ҳеҷ ҳайратовар нест, ки озмуни аввалини «СтоЛИЧНИЕ истории» ин қадар нақлҳои таҳти дил ва ростқавлро ҷамъ кардааст, зеро кирдорҳои нек ва ҳатто қаҳрамонона дар Москва ҳар рӯз содир мешаванд. Дар бораи ин гуфтан, чунин одамонро ҳамчун намуна на танҳо дар диаспораҳои миллии онҳо, вале байни москвагиҳо низ гуфтан хеле муҳим аст», – роҳбари департамент оид ба сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байни минтақаҳои пойтахт Виталий Сучковро истинод мекунад хадамоти матбуот.