Дар Москва давраи чорабиниҳо оид ба мувофиқгардонӣ ва интегратсияи муҳоҷирон ба анҷом расид

Фото РИА Новости-Павел Бедняков

Дар пойтахт як қатор чорабиниҳои ба мувофиқгардонӣ ва интегратсияи ҷавонони омада равонагардида ба анҷом расиданд. Лоиҳа бо дастгирии Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Москва амалӣ карда шудааст. Дар оғози декабр дар китобхонаи №132 шаби мадании диаспораҳои миллии пойтахт баргузор гардид. Меҳмононро баромадҳои эҷодии намояндагони диаспораҳои қирғизӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ интизор буданд. Баъдан дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии идоракунӣ мусобиқа оид ба волейбол «Ҷоми Дӯстӣ» гузаронида шуд. Дастаҳои ҷоизадор бо ҷомҳо, медалҳо ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд. Чорабиниҳои гузаронидашуда ба ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо дар Москва, пастшавии хатарҳои ба миён омадани ҷанҷолҳо дар асоси миллӣ ва интегратсияи муҳоҷирон ба ҳаёти иҷтимоӣ-мадании мегаполиси пойтахт мусоидат карданд.

Источник