Дар Москва аввалин маротиба муҳоҷиронро барои корҳои нек ва рафтори ҷасурона қадр карданд

Фото: РИА Новости-Алексей Куденко

Дар Москва ба муҳоҷирон — ғолибони озмуни «СтоЛИЧНЫЕ истории» ҷоизаҳоро супориданд. Озмуни корҳои нек аввалин маротиба гузаронида шуд ва бештар 300 иштирокчиёнро аз тамоми кишварҳои ИДМ ҷамъ овард. Ғолибон 11 нафар гардиданд, ки барои зистан, таҳсил гирифтан ва кор кардан ба Москва аз Белорус, Молдавия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон омадаанд. Иштирокчиёни ҷавонтарини охмун ҳамагӣ 5-7 сол, куҳансолтарин — бештар аз 60 сол доштанд. Ҳамаи онҳо бо корҳо ва рафторҳои нек машҳур шудаанд. «Ин озмун беҳамтост. Мо бештар таърихҳои манфиро бо иштироки хориҷиёни барои ба мо кор кардан омадаро мешунавем. Бештари онҳо рафтори қаҳрамонона доранд, корҳои муфид ва лозимӣ мекунанд, вале намедонанд ва оиди ин намегӯянд. Муҳим аст, ки ин таърихҳоро на танҳо москвагиён, вале сокинони тамоми кишвар донанд»,- қайд кард роҳбари Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақвии шаҳри Маскав Виталий Сучков. Ӯ инчунин иброз дошт, ки озмун доимӣ мешавад, зеро барои мустаҳкамкунии дӯстии байни миллатҳо ёрӣ медиҳад

Источник