Дар минтақаи Москва хориҷиён ба шарофати сомонаи нав кор ёфта метавонанд

Фото:РИА Новости-Алексей Филиппов

Маркази бисёрфукнсионалии муҳоҷиратии Москва барои кордеҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки хоҳиши дар пойтахт ва вилояти Москва кор карданро доранд, сомонаро оғоз бахшид. Оиди ин ба рӯзноманигорон вазири ҳукумати Маскав, роҳбари департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳр Мария Багреева хабар дод. Тибқи суханони ӯ, МБМ вақти дурудароз кори васеъро дар доираи рушди муносибатҳои муҳоҷиратӣ байни Федератсияи Россия ва кишварҳои дӯст мегузаронад. Фаъолияти МБМ барои рушди интегратсияи босифат, зуд ва қонунии шаҳрвандони хориҷӣ, баландкунии ҳиссаи онҳо ба иқтисодиёти Москва ва вилояти Москва мусоидат мекунад.

Источник