Дар маркази Маскав намояндагии маркази муҳоҷиратӣ кушода шуд

Фото Яндекс Панорамы

Аз 14 март, дар маркази пойтахти Русия – Маскав – намояндагии маркази муҳоҷиратӣ кушода шуд, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ бе душворӣ ҳамаи хизматрасониҳои ба онҳо заруриро гирифта метавонанд. Дар намояндагӣ, мутобиқи хабар дар сомонаи расмӣ, ба амал баровардани сабт барои супоридани ҳуҷҷатҳо ба зисти муваққатӣ, иҷозат ба истиқомат, ҳамчун соҳиби забони русӣ эътироф гардидан, инчунин гирифтани шаҳрвандӣ имконпазир мегардад. Сабт ба қабул ҳам дар ташрифи шахсӣ, ҳам дар тартиби онлайнӣ дар сомонаи mos.ru ба амал бароварда мешавад. Инчунин дар бахш хизматрасониҳои пулакӣ оид ба ташаккулдиҳии пакети ҳуҷҷатҳо ва машваратҳо оид ба масъалаҳои гуногуни муҳоҷиратӣ дастрас мегаранд. Хотиррасон мекунем, ки дар сомонаи М Булак гирифтани машварати ҳуқуқӣ барои муҳоҷирон тамоман ройгон аст!

Намояндагии маркази муҳоҷиратӣ дар суроғаи кӯчаи Бахрушин, хонаи 18, бинои 1 ҷойгир аст. Вақти корӣ аз соати 9 пагоҳӣ то 18 бегоҳӣ.

Источник