Фото: портал mbulak-Россия / Марат Гарифулин
Дар кӯчаҳои асосии пойтахти Россия намоиши видеороликҳои бахшида ба мероси таърихӣ ва мадании шаҳрҳои қадимаи Ӯзбекистонро оғоз карданд. Онҳо дар пояҳои калони рекламавӣ ва майдончаҳои дигари барои пахшҳои видеоӣ таъингардида пахш карда мешаванд. Роликҳо дар бораи потенсиали сайёҳии кишвар ва маданияти қадимаи Ӯзбекистон нақл карда, барои омадан ва бо чашми худ дидани онҳо даъват мекунанд. Пахш бо кӯшишҳои ҳамҷояи сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Россия, Вазорати корҳои хориҷии ФР ва ҳукумати Москва ташкил карда шудааст. Роликҳо дар давоми ду моҳ – апрел ва май, – шабонарӯзӣ, дар ҳар 6-12 дақиқа пахш карда мешаванд.