Дар Душанбе аввалин маротиба имтиҳон аз забони русиро барои шаҳрвандони нақшаи ба муҳоҷират ба Россия рафтанро дошта мегузаронанд

Фото: РИА Новости/Артем Житенев

Дар Душанбе дар ин ҳафта аввалин маротиба имтиҳон аз забони русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нақшаи ба Россия бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд, гузаронида мешавад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» дар Муассисаи давлатии «Маркази машваратдиҳӣ ва омодакунии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз рафтан» дар пойтахт, ки дар он ҷо қабул гузаронида мешавад. Гузаронидани имтиҳон дар доираи созишномаи дар моҳи декабри соли гузашта имзогардида бо маркази санҷиши забони русии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ба нақша гирифта шудааст. Санаи имтиҳон ҳоло муайян нагардидааст.

Источник