Бо чунин ташаббус депутати Думаи давлатӣ Евгений Фёдров баромад кард, муроҷиати худро ӯ ба номи роҳбари ВКД Владимир Колоколтсев равона кард. Дар мактуб парламентарий ба иқдомҳои дар Маскав баргузоргардида муроҷиат мекунад. Байни дастгиршудагон барои иштирок дар ҷамъомадҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ низ буданд. Ҳамчун русиягиён, барои ҳуқуқвайронкунӣ ба онҳо ҷарима, корҳои ҳатмӣ ё ки ҳабс таҳдид мекунад. Парламентарий қайд кард, ки хориҷиён на танҳо ҳуқуқвайронкуниро содир мекунанд, вале барои «таъсир расонидан ба ҳолати сиёсӣ дар кишвари барои онҳо бегона кӯшиш мекунанд». Дар асоси ин депутат хоҳиш мекунад, ки воридкунии тағйиротҳо ба моддаи 20.2 КҲМ Федератсияи Русия оғоз карда шавад. Ӯ фикр мекунад, ки низомномаи наве ворид карда шавад, ки дар он ҷазо барои хориҷиёни дар иқдомҳо иштироккунанда навишта шавад.- Ба ғайр аз ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима, корҳои ҳатмӣ ё ки ҳабс, онҳо ҳамчунин бояд аз ҳудуди Федератсияи Русия берун карда шаванд, – аз матни мактуб иқтибос меорад RT. Имрӯз аз рӯи қонун, шаҳрвадони хориҷӣ ҳуқуқи ба Русия дар давоми панҷ сол баргаштанро надоранд. https://www.kp.ru/online/news/4183572/
Другие новости
No related posts.
📄 Moskva. Sadə qaydalar
20.10.2023
📄 Moscova. Reguli simple
20.10.2023
📄 Москва. Жөнөкөй эрежелер
20.10.2023
📄 Москва. Қоидаҳо оддӣ
20.10.2023
📄 Москва. Простые правила – Памятка
20.10.2023
📄 Moskva. Oddiy qoidalar
20.10.2023