Дар боғчаҳои кӯдаконаи Русия барномаи фарҳангӣ-забонӣ барои кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ ҷорӣ карда мешавад

Фото: РИА Новости/Евгений Самарин

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Дар Русия, Мария Львова-Белова ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки дар боғчаҳои кӯдакон барномаи ҳатмии фарҳангӣ ва забонӣ барои кӯдакони муҳоҷир ҷорӣ карда шавад. Дар ин бора аз гузориши солонаи кории сохтори марбут маълум шуд.

        Дар ҳуҷҷат ба кабинет пешниҳод карда мешавад, ки ба қонуни федеролӣ, таҳти № 273 «Дар бораи таҳсилот дар Федератсияи Русия» тағйирот ворид карда шавад.

        Аз ҷумла, Львова-Белова пешниҳод мекунад, ки имконияти ҷорӣ кардани омодагии ҳатмӣ ва ройгони фарҳангӣ ва забонии кӯдакони муҳоҷир дар ташкилотҳои томактабӣ баррасӣ карда шавад. Илова бар ин, дар заминаи ташкилотҳои таҳсилоти умумӣ, ба андешаи омбудсмен, барои кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, курсҳои мутобиқсозӣ кушода шавад.

Источник