Дар беморхонаҳои Русия духтурон-муҳоҷирон бештар мегарданд:

Фото: Светлана МАКОВЕЕВА.

Ҳукумат хоҳиши осон кардани ба кор ҷой кардани муҳоҷиронро аз хориҷа дорад.

Вазорати меҳнат рӯихати корҳоеро, ки ба онҳо шаҳрвандон дар баробари русиягиҳо дохил шуда метавонанд, васеъ мекунад.  ҲУНАРМАНДОН КИФОЯЯНД, ДУХТУРОН КАМАНД. Шиносномаи Русия — ҳавасмандгардонии беҳтарин барои хориҷӣ аст, то ки ӯ барои коркунӣ ба кишвари мо ояд! Якбора усули хуби халосшавӣ аз камбудии кадрӣ дар баъзе соҳаҳо. Дар Вазорати меҳнат чунин мешуморанд.  Идора лоиҳаи фармонро омода карадаст, ки феҳрасти касбҳои ҳуқуқдиҳанда барои гирифтани шаҳрвандии Русияро васеъ мекунад. Ба ғайр аз он, хориҷиён — намояндагони чунин касбҳо ба кор ба квота, яъне дар баробари русиягиҳо ворид шуда метавонанд. Ба рӯихат 61 касбро илова карданд, асосан аз соҳаи тиббиёт. Ҳамчунин ба он оператори ширҷӯшии мошинӣ, инженер-кимёгар ва баъзе касбҳои дигар ворид мешаванд.  Ҳамчунин идора нақшаи аз рӯихати ҳозира берун кардани 28 тахассусро дорад. Байни онҳо — барандаи барнома, ташкилкунандаи сайругаштҳо, ҳунарманд-овозхони балет. Ҳамагӣ дар рӯихат 113 касб мешавад.

https://partyadela.ru/news/14140/