Екатерина Котенко/Фото: РИА Новости/Илья Питалев
Тибқи маълумотҳои INTERFAX.RU, кумитаи Госдума оид ба сохтмони давлатӣ ва қонунгузорӣ ислоҳотро ид ба хусусиятҳои иҷроиши ҷазо дар намуди берун кардан аз Россияро қабул кард. Акнун муҳоҷирон ҷаримаро барои тарк кардани кишвар супорида метавонанд. Судя ҳуқуқи интихоб кардани ҷазоро дорад. Вале ислоҳоти нав ба қонун татбиқ кардани чораҳои махсусро нисбати шахсони хориҷӣ имкон медиҳад. Ҳамин тариқа, дар баъзе ҳолатҳо қарор дар бораи берункунӣ аз кишвар метавонад бо ҷарима иваз карда шавад. Барои қабулкунии қарори мутобиқ судя ҳаматарафа муносибати муҳоҷир ба пардохти андозҳои кишвар, рафтори итоатпазири ӯ ба қонун, инчунин намуди фаъолияти ӯ ва ҳолатҳои дигарро ба ҳисоб мегирад. Ҳамин тариқа, ҷарима аз 40 ҳазор то 50 ҳазор буда метавонад.