В.Путин: Русия барои беҳтаркунии ҳолат бо муҳоҷирони меҳнатӣ кӯшиш мекунад

Президенти ФР Владимир Путин иброз дошт, ки ФР барои беҳтар кардани ҳолат бо муҳоҷирони меҳнатие, ки аз кишварҳои хориҷи наздик меоянд, кӯшиш мекунад ва кӯшиш хоҳад кард. «Аз ҷониби худ Русия барои ба таври максималӣ бештар кардани шароит барои шаҳрвандони ба мо аз кишварҳои хориҷӣ оянда, ва албатта, дар навбати аввал аз кишварҳо-аъзоёни ИИАврОс кӯшиш мекунад ва кӯшиш хоҳад кард», – гуфт Путин дар ҷаласаи Шӯрои Олии иқтисодии Авруосиё дар тартиби видеоконфрос. Ӯ қайд кард, ки дар вақти наздик низоми умумигардонидашудаи интернети «Кор бе сарҳадҳо» ва барномаи мутобиқ, ки барои дар онлайн ба расмият даровардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои соҳиби ҷойи кор шудан имкон медиҳад, оғоз дода мешавад.
https://1prime.ru/state_regulation/20210521/833722969.html