ВКД Русия тартиби аз ҷониби муҳоҷирон пешкаш карда шудани ташхиси тиббиро тасдиқ кард

Фото: Виктор ГУСЕЙНОВ.

ВКД Русия тартиби аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ва хориҷиёни ба Русия ба муҳлати бештар аз 90 рӯз омада пешкаш карда шудани маълумотномаҳо оиди ташхиси тиббии гузашташударо ба мақомоти ҳудудӣ тасдиқ кард, бармеояд аз фармони идоравӣ, ки бо он ТАСС шинос шудааст.

«Тартиби аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандии ба ФР бо мақсади алоқаманд набуда бо амаликунии фаъолияти меҳнатии бештар аз 90 рӯзи тақвимӣ, ё ки бо мақсади амаликунии фаъолияти меҳнатӣ омада, пешкаш карда шудани ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба мақомоти ҳудудии ВКД ФР ё ки корхонаи фаръии ваколатдори дар итоати он буда ё ки ташкилоти аз ҷониби шаҳри аҳмияти федералидоштаи Маскав ваколатдор карда шуда»,– гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Источник