ВКД Русия нияти бахши хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидиро дар Тоҷикистон офариданӣ аст

Фото: Андрей Батурин/Фотобанк Лори

Вазорати корҳои дохилии Русия нақшаи ташкил кардани кори хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидии худро дар ҳудуди Тоҷикистон дорад. Оиди ин дар рӯзи Душанбе муовини аввали директори Корхонаи воҳиди федералии «Хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидӣ»-и ВКД Русия Сергей Куликов дар рафти ворӣ бо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиӣ Шаҳноза Нодирӣ хабар дод.

«Кушода шудани бахши хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидии ВКД ФР дар Тоҷикистон барои ташкил намудани тақрибан 80% корҳоро оид ба омодакунии бастаи ҳуҷҷатҳоро қабл аз оғози сафар [муҳоҷирон] имкон медиҳад. Ҳангоми вуруд ба ҳудуди Федератсияи Русия шаҳрванди Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, бо доштани иҷозатнома ба кор, дарҳол ба кор оғоз карда метавонанд»,– суханони Куликовро оҷонсии иттилоотии «Ховар» меорад. Қайд карда мешавад, ки дар шаҳрвандони ҷумҳурӣ имконияти гузаштани муоинаи тиббӣ қабл аз рафтан шинос шудан бо шароити пешниҳод карда шавандаи кор, шартномаи меҳнатӣ, музди маош ва муайян кардан бе миёнравон пайдо мешавад. Дар рафти вохӯрӣ Куликов арз кард, ки дар ҳолати дастгирии пешниҳод оид ба соддагардонии ҷараёни ҳуҷҷатикунонӣ ва фаъолияти меҳнатӣ гурӯҳи кории хадамот барои рафтан ба Тоҷикистон омода аст.

Источник