ВКД бо қонун таҳким бахшидан ба ивазкунии мақсади вуруди муҳоҷиронро ба Русия бе баромадан аз кишвар пешниҳод мекунад

Фото: РИА Новости/Михаил Воскресенский

ВКД ба таври қонунгузорӣ таҳким бахшидан ба имконияти ивазкунии мақсади вуруд ба Русияро барои шаҳрвандони хориҷӣ бе баромадан аз ҳудуди кишвар пешниҳод мекунад. Оиди ин ба ТАСС сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова хабар дод.

«Аз рӯи қоидаи умумӣ шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти фарқкунанда аз мақсади арзкардашудаи вуруд ба Федератсияи Русияро надорад, ин ба имрӯз амал мекунад. Вале агар ба ӯ имрӯз аз ҳудуди Федератсияи Русия баромадан лозим шавад, барои тағйир додани мақсади вуруд ва баъдан боз дарояд, <…> дар лоиҳаи нави қонун ивазкунии мақсади вуруд ва будубош бе баромадан аз ҳудуди Федератсияи Русия пешбинӣ гардидааст»,– гуфт ӯ. Казакова қайд кард, ки меъёри мазкур аллакай дар вақти пандемия амал кардааст. Хусусан ин ба он одамон тааллуқ дошт, ки ба Русия бо мақсади хусусӣ ворид шуда буданд, баъдан аз сабаби имконнопазирии баромадан дар кишвар барои кор монданд. Ба ғайр аз он, бо лоиҳаи қонун имконияти ҳамҷоякунии якчанд мақсади будубош, масалан, кор ё ки таҳсил мустаҳкам карда мешавад.

Источник