Вазорати маорифи ФР барои баҳодиҳӣ ба мутобиқшавии забонии кӯдакони муҳоиҷрон маводҳои ташхисиро омода кард

Эмилия Габдуллина/Фото: Светлана Привалова, Коммерсантъ

Сарвари идора Сергей Кравтсов хабар дод, ки аз рӯи натиҷаҳо мактабхонон ба курсҳои иловагии забони русӣ равона хоҳанд гашт. Ҳамзамон, идораи маорифӣ санҷишҳоро ба «баҳодиҳии худшиносии (мутобиқшавии) иҷтимоӣ-маданӣ»-и кӯдакон бо «таҷрибаи муҳоҷиратӣ» низ интишор намуд. Оиди он, ки дар мактабҳои Россия санҷиши кӯдакони муҳоҷиронро ба донистани забони русӣ оғоз хоҳанд кард, вазори маорифи ФР Сергей Кравстов дирӯз дар рафти шунавиданҳои парламентии Шӯрои федератсия нақл кард. «Аз рӯи натиҷаҳои гузаронидани чунин ташхис ҳангоми ташаккули нақшаи таълимӣ соатҳои иловагӣ ё ки курсҳои иловагӣ барои омӯзиши забони русӣ дар доираи фаъолияти берун аз дарсӣ ё ки таҳсилоти иловагӣ пешбинӣ шуда метавонанд», – тавзеҳ дод вазир.

Источник