Ба сохтмончиёни калон барои овардани муҳоҷирон ба Маскав иҷозат доданд

Дар сатҳи федералӣ алгоритми муваққатии ҷалбкунии мутахассисони хориҷиро тасдиқ карданд. Оиди ин сомонаи расмии раиси шаҳри Маскав хабар медиҳад. Дар рафти вохӯрӣ департаменти иқтисодиёт ва рушди шаҳри Маскав бо сармоягузорон ва сохтмончиёни калонтарини пойтахт механизми ҷалбкунии муҳоҷирони меҳнатиро ба объектҳои сохтмонӣ муҳокима кард. Омилҳои асосие, ки барои ба кор гирифтани муҳоҷирон барои кор имкон медиҳад, дар ширкати сохтмонӣ дар штат мавҷуд будани 250 корманд, мавҷуд набудани қарздорӣ ва даромади солона бештар аз 2 миллиард рубл мебошад. Боз як омили муҳими таъминкунии хориҷиён бо кор таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо шароити зист бо назардошти талабот ва маҳдудияти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ мебошад. Ҳамчунин ба ҷойи кории расмӣ ҷойгир кардан ва ташкил намудани судури хориҷиён ба кишвари зисти доимӣ баъд аз ба анҷом расидани лоиҳаҳои сохтмонӣ.
https://readovka.ru/news/71355?utm_source=yandex-news