Фото: РИА Новости-Руслан Кривобок
Бо Қонунӣ федералӣ аз 29 декабри соли 2022 № 574-ФЗ Протокол дар бораи ворид кардани тағйиротҳо ба Шартнома дар бораи Иттифоқи иқтисодии Авруосиё аз 29 майи соли 2014, ки дар шаҳри Москва 31 марти соли 2022 имзо карда шудааст, тасдиқ карда шуд. Тартиби соддакардашудаи будубош ва кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Иттифоқи иқтисодии Авруосиё пешбинӣ карда мешавад. Эътирофкунии ҳуҷҷатҳо дар бораи тахассуси ҳуқуқшиносон ва омӯзгорон, дар бораи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳо мустаҳкам карда мешавад. Муқаррар карда шуд, ки муҳоҷири коркунанда мақсади вурудро бе тарккунии давлате, ки дар он кор мекунад, тағйир дода метавонад. Шартнома дар бораи ИИАО – яке аз ҳуҷҷатҳои асосии танзимкунандаи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия дар ҳудудҳои кишварҳои нишондодашуда мебошад.