Анна Киселева/Елена Мухаметшина /Фото: Андрей Гордеев / Ведомости
Агентии федералӣ оид ба корҳои миллатҳо (АКФМ Россия) ба 1 июл курси намунавии мутобиқгардӣ барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ коркард мекунад, иброз дошт роҳбари он Игор Баринов, ҳангоми баромад дар маҷлиси кумитаҳои Думаи давлатӣ оид ба назорат ва корҳои миллатҳо. Барномаи ӯ дорои низомномаҳои қонунгузории Россия – муҳоҷиратӣ, меҳнатӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ, инчунин меъёрҳои рафтор дар ҷамъияти россиягӣ ва қоидаҳои адокунии маросимҳои динӣ мебошад, нақл кард ӯ. Санҷиши курс дар чор субъектҳо, дар асоси «нуқтаҳои асосии вуруди муҳоҷирон» ба нақша гирифта шудааст, хабар дод Баринов, вале саҳеҳ накард, ки дар кадомҳо. «Ведомости» ба агентӣ дархост равона карданд. Тибқи суханони Баринов, муаммои асосӣ ҳоло дар мавҷуд набудани инфрасохтор барои мутобиқгардонии шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Дар шароити маҳдудиятҳои буҷавӣ барои ин мақсадҳо аз марказҳои мавҷудаи МВД истифода хоҳанд бурд, инчунин майдончаҳои кордеҳон ва ташкилотҳои диниро ҷалб мекунанд, саҳеҳ кард Баринов. Дар соли 2022 АКФМ инчунин дар коркарди иловагии консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷироӣ иштирок карда буд, хусусан, идора таҳрири нави қисмат оид ба мутобиқгардонии шаҳрвандони хориҷиро офаридааст, афзуд роҳбари агентӣ.