Алоқаи роҳи оҳанӣ байни Тоҷикистон ва Русия барқарор гардид

Фото: служба новостей Центральной Азии. Архивное фото.

Баъд аз танаффуси бештар аз дусола аз Тоҷикистон ба Русия 16 август қатораи аввалини мусофиркаш ба роҳ баромад. Қатора аз Кӯлоб соати 00:30 дақиқа ба роҳ баромад ва ба Душанбе соати 8 пагоҳӣ омада расид. Дар истгоҳи роҳи оҳани пойтахт одамон хеле зиёд буданд: аксарияти мусофирони хатсайри Кӯлоб-Волгоград чиптаҳоро дар Душанбе хариданд. Бештари онҳо аз Волгоград ба Маскав ва назди Маскав равона мешаванд.

Мусофирон эътироф карданд, ки чипта ба қатораро аз сабаби он харидаанд, ки он аз чиптаи ҳавопаймо якчанд маротиба арзонтар аст. «Ман, масалан, чиптаро ба 1500 сомонӣ (147 доллар) харидам, чиптаи ҳавопаймо бошад, на камтар аз 5500 сомонӣ нарх дорад»,– мегӯяд сокини Душанбе Ҳайит Қулҷонов,– Ба пулҳои сарфашуда ман якчанд рӯз дар Русия зиндагӣ карда метавонам».

Источник