Аз маркази нигоҳдории муваққатии Москва ба ватан 10 шаҳрвандони Тоҷикистон равона карда шуданд

Автор: Нигина Аслонова, Asia-Plus/Фото: Посольство Таджикистана в России

Даҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар шаҳраки Сахаровои шаҳри Москва ҷойгирбуда нигоҳ дошта мешуданд, санаи 18 январи сол ба ватан равона карда шуданд. Дар бораи ин сафоратхонаи Тоҷикистон дар ФР хабар медиҳад. Қайд карда мешавад, ки ин шаҳрвандон муваққатан вобаста бо вайронкунии қоидаҳои будубош дар Россия дастгир карда шуда буданд. Худи ҳамон рӯз кормандони хадамоти консулии сафоратхонаи ҶТ дар ФР дар вақти ташриф ба маркази нигоҳдории муваққатӣ бо тоҷикистониёни дигар, ки айни замон дар МНМ қарор доранд, суҳбати пешгирикунанда гузарониданд. Ба онҳо маҳсулоти хӯрока ва ашёҳои дигари лозимиро супориданд. Ба онҳо дар бораи талаботҳои қонунгузории амалкунандаи Россия дар соҳаи муҳоҷират иттилоъ доданд, инчунин аз ҷониби онҳо оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории вобаста бо будубош дар ҳудуди ин кишвар дар оянда тавсияҳо дода шуданд.

Источник