Дар Русия аз 29 декабри соли ҷорӣ дактилоскопия барои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатмӣ мегардад. Оиди ин ТАСС бо истинод ба маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.
«29 декабри соли 2021 қонунӣ федералие ба қувва медарояд, мутобиқи он шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР барои ҷустуҷӯи кор омадаанд, ҳамчунин ҳамаи тоифаҳои дигари хориҷиёне, ки ба Русия ба муҳлати бештар аз 90 рӯз меоянд, бояд дактилоскопияи ҳатмӣ карда шаванд», гуфта мешавад дар паём.
Дар моҳи июл маълум гардид, ки барои будубош дар Русия муҳоҷирон бояд ҳуҷҷати ягонаро бо ҳомили электронӣ гиранд.
Чунин ҳуҷҷатро шаҳрвандони хориҷӣ танҳо баъд аз гузаштани дактилоскопия ва ташхиси тиббии тасдиқкунандаи гиёҳвандӣ ва бемориҳои сирояткунанда, ҳамчунин пардохти боҷи давлатӣ ва ба расмият даровардани утоқи шахсӣ дар Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва мунисипалӣ гирифта метавонанд.
То ин хабар дода мешуд, ки ҳангоми вуруд ба Русия шаҳрвандони хориҷӣ бояд «қарордод дар бораи садоқат» ба қоидаҳои ба амал баровардани фаъолияти меҳнатӣ дар кишварро имзо мекарданд.