Фото: РИА Новости/ Кирилл Каллиников
Дар Русия таҷриба дар мавриди супоридани биометрии шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми вуруду хуруҷ оғоз шудааст
Таҷрибаи ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз хориҷиён дар як қатор гузаргоҳҳо ва ҳамчунин санҷиши қоидаву шартҳои вуруду хуруҷ аз Русия аз 1 декабри соли 2024 оғоз шуда, то нимаи соли 2026 идома хоҳад кард.
Қарори дахлдори ҳукумати Русия рӯзи якшанбе эътибор пайдо кард. Аз ҷумла, аз 1 декабри соли равон дар фурудгоҳҳои Шереметьево, Домодедово, Внуковои Маскав, фурудгоҳи Жуковскийи назди Маскав ва гузаргоҳи боркашонии Маштаковои вилояти Оренбург маълумоти биометрӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин аз шахсони бешаҳрванд ҷамъоварӣ карда мешавад: онҳо сурат гирифта, изи ангушт (дактилоскопия) гирифта мешавад.
Марҳилаи навбатии озмоиш, тибқи ҳуҷҷат, аз 30 июни соли 2025 оғоз шуда, то 30 июни соли 2026 идома хоҳад кард. Ҳама гузаргоҳҳои сарҳади Русия аллакай ба ин ҷо ҷалб карда мешаванд. Ва маълумоти биометриро ихтиёран пешниҳод кардан мумкин аст.