Дар Маскав корти электронии шахсияти муҳоҷирон баҳрои озмоиш қарор дода мешавад

Фото: РИА Новости/ Кирилл Зыков

Маскав назоратро аз болои риояи қонунгузории муҳоҷират пурзӯр хоҳад кард.

Пулиси Маскав чораҳои нави назорати риояи меъёрҳои муҳоҷиратро месанҷад, хабар медиҳад агентии Маскав бо истинод ба хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии пойтахт.

Аз ҷумла, пулис ба тафтиши муҳоҷирин барои дарёфти шахсияти электронӣ — корти пластикии фардӣ бо чипи электронӣ ва рамзи QR-код шурӯъ мекунад. Дар он номи пурраи соҳиби корт, санаи таваллуд, ҷинс, шаҳрвандӣ, намунаи имзо, инчунин силсила, рақам ва санаи анҷоми корт иборат хоҳад буд.

Ба навиштаи нашрия, санҷиши интихобии ин асбоб аллакай оғоз шудааст.

Бо истифода аз ин корт пулис метавонад маълумотро дар бораи набудани изи ангушт ва аксбардорӣ, патенти пардохтнашуда, ҷаримаи маъмурӣ, дар ҷустуҷӯ будан ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муайян кунад.

«Дар давраи озмоишӣ корт ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба синни 14 расида ва вобаста ба вазъи ҳуқуқии худ ба Маркази бисёрфунксияи муҳоҷират муроҷиат кардаанд, дода мешавад», — гуфта мешаавад  дар Вазорати корҳои дохилӣ.

Источник