Софья Белова/ Фото: РИА Новости/ Владимир Федоренко
Дар ҷаласаи Думаи давлатӣ ба лоиҳаи қонуни федералӣ, ки вазъи ҳуқуқии шахсони хориҷиро танзим мекунад, ислоҳот ворид карда шуд. Дар ин бора раиси Думаи давлати Вячеслав Володин дар канали Telegram-и худ навиштааст.
Ба гуфтаи ӯ, вакилон пешниҳод карданд, ки танҳо пас аз 3 соли издивоҷ бо шаҳрванди (хорич) Русия иҷозати истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Русияро бо тартиби соддакардашуда диҳанд.
«Агар издивоҷ аз рӯи муҳаббат бошад, на аз рӯи хоҳиши худхоҳона, пас ин монеа барои барпо кардани оила нест. Иттифоқ танҳо мустаҳкамтар ва бо мурури замон санҷида мешавад», — илова кард Володин.
Тағироти дигар ба мубориза бо падарӣ е модарии қалбакӣ нигаронида шудааст. Вакилон пешниҳод карданд, ки тартибе ҷорӣ карда шавад, ки тибқи он пас аз фарзандхондкунии кӯдаки шаҳрванди Федератсияи Русия бе издивоҷ танҳо пас аз 3 соли зиндагӣ е хоҷагидорӣ иҷозатномаи истиқомат гирифта шавад. Барои ин ба суд далел пешниҳод кардан лозим аст.
Володин инчунин оморро овардааст. Ҳамин тариқ, Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, аз соли 2021 беш аз 4,3 ҳазор издивоҷҳои қалбакӣ бо мақсади гирифтани мақоми муҳоҷират баста шудаанд.