Соли ҷорӣ дар Федератсияи Русия қариб 4,6 ҳазор ҳолати сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ ошкор карда шуд

Фото: РИА Новости/ Алексей Майшев

Аз аввали сол дар Русия ҳудуди 4,6 ҳазор ҳолати сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ ошкор карда шудааст. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Ирина Волк рӯзи 27 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

«Вазорати корҳои дохилии Русия аз рӯи натиҷаҳои ҳашт моҳи соли 2024, 4573 чунин далел муайян кардааст, ки нисбат ба соли гузашта 16,5 дарсад бештар аст», — шарҳ дод Волк.

          Ба гуфтаи ӯ, аксари асноди қалбакӣ аз миёни меҳмонони Маскав ва вилояти Маскав пайдо шудааст. Аксар вақт варақаҳои огоҳинома дар бораи омадани муҳоҷирон ба ҷои будубоши онҳо қалбакӣ карда мешаванд.

      Волк огох кард: чи барои худ ва хам бо максади фуруши когазхоро сохтакор кардан ба чавобгарии чиноятй кашида мешавад. Вай ба хориҷиён тавсия дод, ки асноди сабти номи муҳоҷират, кортҳои муҳоҷират, иҷозаи иқомат ва кор аз шахсони сеюм нахаранд. Барои гирифтани ин ҳуҷҷатҳо ба шӯъбаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.

       Тавре ки қаблан «Парламентская газета» навишта буд, Ирина Волк хабар дод, ки дар Федератсияи Русия 14 ҳазор муҳоҷирон соҳиби шаҳодатномаи қалбакии донистани забони русӣ гардиданд. Ин маълумоти се соли охир аст. Намояндаи ВКД таъкид кард, хориҷиёне, ки чунин ҳуҷҷатҳои қалбакӣ харидорӣ кардаанд, аз ҳаққи муҳоҷират ва шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешаванд.

Источник