Дар Думаи давлати Русия лоиҳаи қонун дар бораи қоидаҳои нави додани шаҳодатнома (сертификат) ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод шудааст

Фото: РИА Новости/ Александр Поготов

Ба ташкилотҳои хусусӣ додани шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ба муҳоҷирон манъ карда мешавад. Лоиҳаи қонунро вакилони фраксияи ЛДПР бо роҳбарии Леонид Слуцкий ба Думаи давлатӣ пешниҳод карданд.

«Барои ташкили имтиҳон дар асоси шартномаҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ, ташкилотҳои хусусии таълимии беруна ҷалб карда мешаванд, ки чунин имтиҳонро мегузаронанд»,-изҳор медоранд муаллифони лоиҳаи қонун.

Мувофиқи лоиҳаи мазкур, чунин шаҳодатномаҳо дар бораи донистани забони русӣ, донистани таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия танҳо аз ҷониби ташкилотҳои давлатии таълимӣ (аз рӯйхати тасдиқшудаи Вазорати илм ва маориф) дода мешаванд. Дар айни замон, шаҳодатномаҳои аллакай додашуда то ба охир расидани мӯҳлати эътибор доранд.

Источник