ВКД Россия дар вақти наздиктарин гузаронидани дактилоскопия ва суратгирии муҳоҷирони омадаистодаро дар фурудгоҳҳои пойтахт оғоз мекунад

Фото: © Антон Новодережкин/ ТАСС

Оиди ин сардори сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Валентина Казакова хабар дод. «Ҳоло, мутассифона, дар сарҳад дактилоскопияро намегузаронем, вале бо назардошти пешниҳодоти ҳукумати Москва дар вақти наздиктарин, фикр мекунам, ин таҷрибаро хоҳем гузаронид. Он гоҳ дар ҳар як фурудгоҳи банди ҳавоии Москва [меомадагон] аз дактилоскопия ва суратгирӣ хоҳанд гузашт. Ва он «даврзадагон», чӣ тавре мо онҳоро меномем, яъне шахсоне, ки маълумотҳои асосиро тағйир медиҳанд, ба ҳудуди ФР ворид шуда наметавонанд», – гуфт ӯ дар маҷлиси пленарии IV Форуми умумироссиягии «Халқҳои Россия – сиёсати миллӣ: марҳилаи муосир».

Источник