Дар Думаи давлатӣ офаридани ташкилоти худтанзимкунандаро (ТХТ), ки ба худ ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро мегирад, пешниҳод карданд

Людмила Климова/Фото: duma.gov.ru

Тибқи маълумотҳои МВД, ҳоло дар кишвари мо 6,6 миллион муҳоҷирон мавҷуданд, ва ин рақам афзуда истодааст. Бештари омадагон – аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон мебошанд. Тақрибан 70 фоизи хориҷиён ба Россия барои коркунӣ меоянд. Дар ҷустуҷӯи кор онҳо зуд-зуд ба миёнравон муроҷиат мекунанд, ки на дар назди кордеҳ, на дар назди худи корманд ҷавобгарӣ надоранд. Дар натиҷа қисми муҳоҷирон аз низоми андозбандӣ берун мемонанд. Ба ғайр аз он, кордеҳони бевиҷдон барои омадагон шароити бояду шояди иҷтимоӣ-рӯзгориро таъмин намекунанд, ки боиси агрессия гашта, барои рушди ҷинояткорӣ байни муҳоҷирон сабаб мешавад. Дар Думаи давлатӣ офаридани ташкилоти худтанзимкунандаро (ТХТ), ки ба худ ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро мегирад, пешниҳод карданд. Муҳоҷирати беназорат метавонад боиси оқибатҳои ҷиддӣ гардад, меҳисобад аъзои Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои миллатҳо Анастасия Удалсова. 

Источник