Фото: РИА Новости/Валерий Мельников
Москва барои овоздиҳии шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Россия дар интихоботи президенти ҷумҳурӣ дар моҳи июл ҳамаи шароитҳоро хоҳад офарид. Оиди ин вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ҳангоми ифтитоҳи гуфтушунидҳо бо роҳбари ВКХ Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов иброз дошт. «Медонем, ки мутобиқи конститутсияи нав президент [аз Ӯзбекистон Шавкат] Мирзиёев дар бораи интихоботи пеш аз муҳлат дар 9 июли соли ҷорӣ фармон баровард. Боварӣ дорем, ки омодагӣ ва гузаронидани кампанияи интихоботӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ хоҳад гузашт», – гуфт роҳбари идораи дипломатии Россия. – Аз ҷониби худ мо ҳамаи шароитро хоҳем офарид, то ки шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки Федератсияи Россия истиқомат доранд, муҳоҷирон, ҳамватанони дигари шумо ҳамаи имкониятро барои баёнкунии азми иродаи худро дошта бошанд».