ВКД: Муҳоҷиронро дар Россия ҳангоми таҳдиди амнияти миллӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум карда метавонанд

Текст: Дмитрий Зубарев/Фото: РИА Новости/Алексей Куденко

ВКД ислоҳ ба лоиҳаи қонун «Дар бораи шаҳрвандӣ»-ро дастгирӣ намуд ,ки мутобиқи он маҳрумкунӣ аз шаҳрвандии қабулгардида дар ҳолати таҳдид ба амнияти миллӣ имконзпар мегардад, хабар дод сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Валентина Казакова. Тибқи суханони ӯ, ислоҳ дарҳақиқат пешниҳод гардид ва бо Хадамоти федералии амният мувофиқа карда шудааст. Казакова илова намуд, ки ҳангоми қабулкунии шаҳрвандӣ муҳоҷирон қасам ёд мекунанд, ки дар он навишта шудааст, ки онҳо «барои риоя намудани қонунгузорӣ, дӯст доштани ватан»… ва мутобиқан, барои ба амнияти миллӣ таҳдид наофаридан ӯҳдадор мешаванд, яъне шаҳрванде, ки барқасдона ба чунин амалҳо меравад, «бояд ба худ ҳисобот диҳад». Ҳамзамон Казакова қайд кард, ки «давлат ҳуқуқи додан ва қатъ кардани шаҳрвандии Россияро дорад». Дар ин ҳолат, шаҳрванд ҳуқуқи шикоят кардан аз болои қарор дар тартиби судиро дорад.

Источник