Зоя Осколкова/Фото: РИА Новости/Сергей Батурин
Дар Россия протседураи ба кор даромадан ва гирифтани иҷозатномаи иқомат содда карда шуда буд. Ин ба мутахассисони хориҷии дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ коркунанда тааллуқ дорад. Чӣ тавре ки намояндаи расмии ВКД Россия Ирина Волк хабар дод, мутахассисони ТИ хориҷӣ бидуни ба расмият даровардани иҷозатнома барои кор ё ки патент шартномаи меҳнатӣ ё ки шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ бо ташкилотҳои дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолиятбаранда баста метавонанд. Чунин ширкатҳо инчунин бояд ҳуҷҷат дар бораи аккредитатсияи мутобиқи давлатиро гиранд. «Ба мутахассиси ТИ-и хориҷии амаликунандаи фаъолияти меҳнатӣ дар ширкати аккредитатсиягардидаи ТИ, инчунин аъзоёни оилаи ӯ (аз он ҷумла, ҳамсараш, кӯдаконаш (аз он ҷумла, писархонд/духтархондаш), ҳамсарони кӯдаконаш, волидайнаш (аз он ҷумла, писанхонд/духтархондшуда) ҳуқуқи гирифтани иҷозатномаи иқомат Федератсияи Россия бе муҳлати амал дар тартиби соддакардашуда пешкаш карда шудааст», – илова кард Волк.