Фото: РИА Новости/Максим Блинов
ВКД қисми сабукиҳои аз ҷониби бизнес-омбудсмен Борис Титов пешниҳодгардидаи назорати муҳоҷиратиро дастгирӣ мекунад. Вазорат барои кӯтоҳ кардани муҳлати дода шудани патент барои муҳоҷирони меҳнатиро аз даҳ рӯз то панҷ рӯз бо «дар ҳамҷоягӣ дароз кардани муҳлати амали он» омода аст, хабар медиҳад «Коммерсантъ» бо истинод ба мактуби муовини роҳбари ВКД Андрей Храпов. Титов дароз кардани муҳлати амали патентҳоро аз як сол то сел сол пешниҳод карда буд. Муовини вазир дар мактуби худ нишон медиҳад, ки патентро ҳамасола аз нав ба расмият даровардан лозим аст, бе баромадан аз Россия, муҳлати баррасӣ то 10 рӯзро ташкил медиҳад, на 20 рӯзро (ин муҳлати ба расмият дароварданро Титов дар муроҷиати худ ба муовини сарвазир Татяна Голикова нишон дода буд). ВКД омода аст, ки муҳлати додани патентро то панҷ рӯз кӯтоҳ кунад, менависад Храпов. Ӯ дар мактуб саҳеҳ накард ки амали худи патентро ба кадом муҳлат дароз карда метавонанд.