Фото: портал KABAR
Дар Москва экскурсияҳо – сайр дар бинои таърихии нигористони Третяковская дар забони қирғизӣ ташкил карда шуданд. Чӣ тавре ки дар сомонаи муассиса хабар дода мешавад, экскурсияҳо як маротиба дар як моҳ, ҳар шанбеи сеюми моҳ мегузаранд. Тибқи маълумотҳои ташкилкунандагон, дар сайр дар толорҳои нигористони Третяковская бо таърихи осорхона шинос мешавед, дар бораи асосгузори нигористон П.М. Третяков маълумот мегиред ва суратҳои машҳурро мебинед, ки тавассути онҳо зинаҳои асосии рушди таърихи санъати русро аз оғози асри XVIII то сарҳади асрҳои XIX-XX пайгирӣ намудан мумкин аст. Шуморо асарҳои ҷолиби В.Л. Боровиковский, А.А. Иванов, В.М. Васнетсов ва В.А. Серов интизоранд. Сайр қисми лоиҳаи «Интегратсияи маданӣ» мебошад, ки дар нигористори Третяковская аз соли 2019 амалӣ мегардад ва ба одамони дорои таҷрибаи муҳоҷиратӣ дошта нигаронида шудааст. Экскурсиягузаронанда: Асипа Жумалиева – омӯзгор, забоншинос, маслиҳатчии Ҷунбиши байналхалқии ҷамъиятии сулҳоварӣ «Мусоҳибаи занона», хатмкунандаи курси омодакунии экскурсиягузаронандаҳо бо таҷрибаи муҳоҷиратии бо ҳамроҳии осорхонаи санъати муосири «Гараж» амалигардида.