Фото: @Sputnik
Дар Россия боз дар бораи тағйироти арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ эълон карданд. Тақрибан дар ҳамаи минтақаҳои кишвар он афзудааст. Дар ҳар як минтақаи Россия патент ба муҳоҷирон бо нархи муайян дода мешавад, ки аз се ҷамъшаванда иборат аст: меъёри асосии бо моддаи 227.1 Кодекси андозӣ дар сатҳи 1200 рубл муқаррар гардидааст ва тағйир намеёбад; коэффисиент-дефлятор, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумат муайян карда мешавад. Дар соли 2023 коэффисиент-дефлятор афзудааст. Нисбат ба соли 2022 он 2,27-ро ташкил дод. Арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба соли 2023 дар Москва: 6600 рубл.