Фото:© РИА Новости / Владимир Песня.
Шӯрои уламоҳои Раёсати рӯҳониёни мусулмонони Федератсияи Россия дар иҷлосияи навбатии худ дар бораи иҷозат ба мусулмонон барои харидан ва фурӯхтани саҳмияҳои ширкатҳои гуногун, ҳангоми риояи як қатор шартҳо фатворо қабул кард, хабар дод муовини раиси РРМ ФР Илдар Аляутдинов. «Мазмуни фатво оиди хариду фурӯши саҳмияҳо аз ҷониби мусулмон дар он аст, ки дар бозори коғазҳои қиматнок се намуди ширкатҳо мавҷуданд. Якум – фаъолияти онҳо аз ҷониби шариат (қонунҳои исломӣ) иҷозат дода шудааст, ва барои савдо кардан бо чунин саҳмияҳо мусулмонон ҳуқуқ доранд.
Дуюм – ширкатҳое, ки фаъолияти онҳо ба мусулмонон таъқиқ гардидааст, масалан, тиҷорати бозиҳои қимор ва бозигӣ, машрубот, тиҷорати алоқаманд бо гӯшти хук ва ғайра. Сеюм – ширкатҳои омехта. Онҳо асосан бо фаъолияти иҷозатдодаи шариат машғуланд, вале маҷбуранд, ки масалан, ба қарзҳои судхӯронаи бонкҳои оинӣ муроҷиат кунанд. Харидан ва фурӯхтани саҳмияҳои чунин ширкатҳо ҳангоми риояи як қатор шартҳои дар фатво муфассал баёнгардида иҷозат дода шудааст, ки дар сарчашмаҳои расмии мо интишор карда мешавад», – гуфт Аляутдинов.