Дар Москва вохӯрӣ бо роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикони Россия баргузор гардид

Фото : ИА «Ховар»

7 август дар Москва бо роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии Россия, фаъолони ҷумбишҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони машҳури зиёиёни тоҷикон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар бораи ин АМАТ «Ховар» бо истинод ба Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Москва хабар медиҳад. Дар рафти вохӯрӣ мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои муҳоҷират, кори фаҳмондадиҳӣ-иттилоотӣ, риояи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, омодагии забонӣ ва омодагии пеш аз судури муҳоҷирони меҳнат баргузор гардид.

Инчунин ҳисобот ва гузоришҳо дар бораи кори иҷрогардида ва пешниҳодоти аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ шунавида шуд. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва сафир ҳамватанони дар Россия истиқоматкунандаро барои васеъкунии баъдинаи алоқаҳо ва рушди ҳамкории иқтисодӣ ва маданӣ, инчунин тартибяи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ бо мақсади пешгирии ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ даъват карданд.

Источник