Фото: © Sputnik/ Максим Богодвид
Литсейҳои касбӣ-техникии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар доираи созишнома бо Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии Москва (МБМ) тафтиши тахассуси муҳоҷирони меҳнатиро, ки барои кор ба Россия равона мегарданд, тафтиш хоҳанд кард. Оиди ин ба ТАСС муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Шаҳноза Нодирӣ хабар дод. «Се муассисаҳои таҳсилотии Вазорати меҳнати Тоҷикистон бо МБМ Москва дар шахси муовини якуми директори генералӣ Олег Нуждин дар бораи ҳамкорӣ созишнома бастанд, ва дар асоси ин тахассуси муҳоҷирони меҳнатии бо интихоби муташаккил ба Россия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти муваққатии меҳнатӣ равандаро, аз рӯи тахассуси арзкардаи онҳо тафтиш хоҳанд кард», — хабар дод Нодирӣ. Созишнома бо МБМ-ро Литсеи касбӣ-техникии сохтмон, Литсейи касбии саноати дӯзандагӣ ва Литсейи касбии политехникӣ дар назди Вазорати меҳнат бастанд, саҳеҳ карданд дар вазорат. Муовини вазир нақл кард, ки дар режими санҷишӣ литсейи дӯзандагӣ аллакай интихоби 15 дӯзандагонро аз ҷумҳурӣ барои кордеҳи россиягӣ амалӣ намудааст. Ӯ фаҳмонид, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои имзогардида, муассисаҳои таҳсилотии Вазорати меҳнат курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиш ва баландбардории ихтисоси шаҳрванди Тоҷикистонро оид ба тахассуси муайяни аз ҷониби кордеҳони Россия арзгардида гузаронида метавонанд.