Муҳоҷирон дар Москва. 150 ҳазор дар як моҳ дар такси — ин вазнин аст, аз тарафи дигар, дар Тоҷикистон хона месозӣ ва барои арӯс қалин медиҳӣ

Игорь Моисеев/Фото:Станислав Красильников/ТАСС/

31 ва 31 декабр оинӣ дар Чертановои худ ҳамчун Бобои Барфӣ кор мекардам. Маликаи барфӣ набуд, барои ҷустани он танбалӣ кардам, барои ҳамин дар танҳоӣ кор мекардам. Тарофаро чандир кардам, фармоишҳо аз ҳад зиёд буданд. Маро ба суроғаҳо дар такси мекашониданд. Ин ба арзиши барнома ҳамроҳ карда шуда буд. Мизоҷон худ ба ман такси фармоиш медоданд, ман бошам, дар либоси Бобои Барфӣ бо асоям аз як мошин ба мошини дигар меҷаҳидам. Ронандагои такси аксарият тоҷикон буданд, аз ин лиҳоз, барои суҳбат мавзуъ буд. Ронандагон аз минтақаҳои гуногуни кишвар буданд — аз Хоруғ, Кулоб, Ғарм, Файзобод. Аслан ман пурсиши гурӯҳи фокусиро гузаронидам. Ва барои худ аз ҳаёти муҳоҷирон дар Россия хеле иттилооти шавқовар гирифтам. Аслан барои худ ин олами қаблан ба ман маълум набударо кушодам.

Источник